20 Ноябр 2026 - 21:48
Source: ABNA
Эътирозҳо зидди Оли Халифа дар минтақаи Ситраи Баҳрайн

Манобеи хабарӣ аз баргузории эътирозҳо дар минтақаи Ситраи Баҳрайн дар эътироз ба ҳукмҳои содиршуда аз ҷониби Оли Халифа алайҳи уламои шиаи Баҳрайн хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Манар, мардуми Баҳрайн алайҳи ҳукмҳои золимонаи Оли Халифа алайҳи уламои Баҳрайн даст ба эътироз заданд.

Сокинони Ситраи Баҳрайн пас аз содир шудани ҳукмҳои золимона алайҳи уламои динӣ дар Баҳрайн дар мухолифат бо зулми режими Баҳрайн даст ба эътироз заданд.

Бо вуҷуди саркӯби амниятӣ, баҳрайниҳои ҷазираи Ситра ба эътирозҳои худ идома медиҳанд ва ҳамбастагии худро бо уламо изҳор карда, ҳукмҳои содиршуда алайҳи онҳоро рад мекунанд.

Қобили зикр аст, ки режими Оли Халифа дар идомаи сиёсатҳои саркӯбгаронаи худ ва беэътиноӣ ба эътирозҳои мардумӣ, ҳукмҳои сиёсӣ ва сангинро алайҳи беш аз 60 олими динӣ дар Баҳрайн содир кард. Мувофиқи ин ҳукмҳо, ба ҷуз 4 нафар, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шудаанд, барои дигари ин уламо ҳукми ҳабси абад содир шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha